Афзоиши истифодаи об дар шаҳри Душанбе
(last modified Sat, 30 Sep 2023 08:17:59 GMT )
Сентябр 30, 2023 13:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши истифодаи об дар шаҳри Душанбе

Ширкати "Обу корези Душанбе" эълом кард истифодаи об дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, шаҳри Душанбе сол ба сол дар ҳоли густариш аст, бар теъдоди биноҳои баланд ва ҷамъияти пойтахт афзуда мешавад ва бар ин асос масрафи об низ афзоиш меёбад. Масъӯлони ширкати "Обу корези Душанбе" таъкид карданд : " Ба далели тағйири иқлӣм манобеи об дар ҳоли коҳиш аст ба ҳамин далел сокинон бояд дар масрафи об сарфаҷӯӣ кунанд.
Ҳамчунин масъӯлони ширкати "Обу корези Душанбе"  аз муштаракин хостанд то нисбат ба пардохти саривақтии ҳазинаҳои хадамотрасонӣ иқдом кунанд. Пеш аз ин « Обу корези Душанбе » нигариши нодурусти сокинон дар истифода аз обро боиси бурузи ҳаводисе дар хатҳои лӯла обрасонӣ медонист, ки дар натиҷа садҳо мазраъа бидуни об мемонанд.