Октябр 04, 2023 13:05 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Маркази тахассусии мутолиа, таҳқиқ, таъмир, навсозӣ ва татбиқи созҳои миллии мусиқии Тоҷикистон

Маркази тахассусии мутолиа, таҳқиқ, таъмир, навсозӣ ва татбиқи созҳои миллии мусиқии Тоҷикистон таъсис шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа  Сатторов, маркази тахассусии баргузории давраҳои омӯзишии таҳқиқ, таъмиру мариммати олоти мусиқии миллӣ оғоз ба кор кардааст.

Ҳамонтавр, ки гуфта шуд, ҳадаф аз эҷоди марказ ҷазби муҳаққиқону устодони моҳири созҳои маҳаллӣ барои мутолиа, таҳқиқ, таъмир, навсозӣ ва татбиқи созҳои миллии мусиқии Тоҷикистон бо муқтазиёти даврони муосир аст.

 

Барчасп