Дидори мақомоти бонкии Тоҷикистону Амороти муттаҳидаи арабӣ
Дар дидори муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси бахши иртибот бо созмонҳои давлатӣ ва ҳисобҳои ғайрибонкии Бонки марказии Аморот ифтитоҳи дафтарҳои намояндагӣ ва шуъбаҳои банкҳои аморотӣ дар Душанбе баррасӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Фирдавс Толибзода-муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Солим Алҳармӣ-раиси бахши иртибот бо созмонҳои давлатӣ ва ҳисобҳои ғайрибонкии Бонки марказии Аморот дидору гуфтугу кард. Таи ин дидор таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон шароити мусоиде барои ҷазби сармоягузории мустақим, фаъолияти озод ва бидуни монеъи сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодӣ аз ҷумла системаи бонкӣ эҷод ва чорчуби назоратӣ ва қонунии комил вуҷуд дорад.
Алҳармӣ дар суханоне нисбат ба эҷоди ҳамкориҳои судманди мутақобил ва фурсатҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи системаи бонкии он ибрози алоқа кард .
Вай хотирнишон кард : Сафари соҳибкорону сармоягузорони Амороти муттаҳидаи арабӣ ангезаи наве ба тақвияти равобити тиҷории дуҷониба медиҳад ва ба назорат бар иҷрои санадҳои имзошуда дар заминаи ҳамкории байни соҳибкорони ду кишвар дар ҷараёни Ҳамиши байналмиллалии сармоягузории Душанбе – 2023 кумак мекунад.
Дар ин дидор имкони сармоягузорӣ дар сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз сӯи сармоягузорони аморотӣ, масъалаи бонкдории исломӣ, ифтитоҳи ҳисобҳои гардишгарӣ,эҷоди ҳамкории байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Аморот ва баррасии таҷрибаҳои Аморот дар ҳавзаи бонкдории исломӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.