Вокуниши тоҷикҳо ба таҳаввулоти ахири Фаластин дар сафаҳоти маҷозӣ
(last modified Sat, 14 Oct 2023 05:27:01 GMT )
Октябр 14, 2023 10:27 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тоҷикҳо ба таҳаввулоти ахири Фаластин дар сафаҳоти маҷозӣ

Бисёре аз тоҷикистониҳо дар фазои маҷозӣ ҷиноёти режими саҳюнистии алайҳи фаластиниҳоро маҳкум карда ва шуҷоати ҷабҳаи Муқовимати Фаластинро дар баробари саҳюнистҳо сутудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Муҳаммади Ғозӣ, пажӯҳишгар, муаррих ва фаъоли расонаии тоҷикистонӣ дар Фейсбуки худ навишт : Исроил матарсаке беш нест. Ҷабаруту ҳайбати пӯшоли(хасаки)ашро набояд ба дида гирифт .
Иддаои абарқудратӣ доранд, аммо дар баробари азми пӯлодини ҷавонони мусулмони ҷабҳаи Муқовимат заррае нестанд.
Ҷабҳаи Муқовимат инҳоро « «Каъасфим-маъкул »» хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар ёддошти дигаре навишт : Исроил фарзанди номашрӯъи Иблис аст . . . Онҳо аз дидани аҷсоди кӯдакону занон лаззат мебаранд !