Ҷамъоварии беш аз 50 дарсади пахта дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 14 Oct 2023 08:18:05 GMT )
Октябр 14, 2023 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии беш аз 50 дарсади пахта дар Тоҷикистон

Пахтакорон дар Тоҷикистон беш аз 52 дарсад аз маҳсӯлоти худро бардошт(ҷамъоварӣ) карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳудӯди 166 ҳазор тон пахта дар вилояти Хатлон, ҳудуди 55 ҳазор тон дар вилояти Суғд ва 1 700 тонна пахта дар ноҳияҳои тобеъи марказӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Барои як килограм пахта дар аввалин бардошти имсоли 0.8 то 1.5 сомонӣ пардохт мешавад.
Имсол қарор буд 186 ҳазор гектар пахта дар Тоҷикистон кишт шавад, аммо тибқи омор дар 184 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд .
Ҳамчунин бар асоси пешбиниҳо имсол бояд 430 ҳазор тон пахта дар Тоҷикистон бардошт шавад .
Бо вуҷӯди коҳиши солонаи сатҳи зеркишти пунбадона, кишоварзон ба далели афзоиши баҳраварӣ ( ҳудӯди 420 то 430 ҳазор тон ) қасд доранд аз ҳар гектар ба ҳамон мизон бардошт кунанд .
Бар асоси чашмандоз шохисҳои аслии калони иқтисодии Тоҷикистон имсол содироти 65 ҳазор тон нахи пахта низ ба арзиши 133 миллион доллар барномарезӣ шудааст.
Бар асоси иттилооти Вазорати саноъат ва фанновариҳои навин ҳудӯди 30 корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки маҷмӯи зарфияти фароварии онҳо то 70 ҳазор тон нахи пахта дар сол аст.