Мулоқоти раиси Созмони мудирияти буҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
(last modified 2023-10-21T13:00:38+00:00 )
Октябр 21, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси Созмони мудирияти буҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Муҳаммадҳасани Номӣ, муовини вазири кишвар дар сафар ба Тоҷикистон бо Абдурраҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҳасани Номӣ, ки ба манзури ширкат дар Конфронси Осиё коҳиши балоҳои табиӣ - 2023 ба Тоҷикистон сафар кардааст, рӯзи гузашта бо Абдурраҳмон Аламшозода мулоқот ва зимни истиқбол аз ҳамкориҳои наздики ду вазоратхона, дар хусӯси вазъият ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба миёни вазоратхонаҳои кишвари Тоҷикистону Эрон бавижа дар заминаҳои ҳамкориҳои омӯзишӣ ва табодули таҷрибиёт дар ҳавзаҳои пешгирӣ аз балоҳои табиӣ, бозсозӣ ва бозтавонии пас аз вуқуъи чунин ҳаводисе гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Оқои Номӣ дар ин конфронс аз омодагии Эрон барои интиқоли таҷориби мубориза бо балоҳои табиӣ ва баргузории давраҳои омӯзишии минтақаӣ хабар дод.

 

Барчасп