Кашфи 90 килограмм моддаи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон
Неруҳои марзии Тоҷикистон 90 килограмм маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон кашф кард.
Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , қочоқчиён саъй карданд ин маҳмуларо, ки шомили героин, тарёк ва ҳашиш буд аз Тоҷикистон ба хоки Узбакистон мунтақил кунанд.
Дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯе, ки тавассути коркунони амниятӣ ва интизомӣ дар минтақаи Сурхондарё ба ҳамроҳи неруҳои марзӣ анҷом шуд, маҳмулаи маводи мухаддир кашфу забт шуд.
Ин маҳмула, ки аз маҳдудаи шаҳраки Чашма дар минтақаи Сариоёсё кашф шуд шомили 39 килограмму 409 грам героин, 35 килограмму 745 грам тарёк ва 14 килограмму 545 грам ҳашиш буд..
Дар ин хусус ба истинод банди 2 модаи 246 (қочоқ)-и Қонуни ҷазоӣ барои муттаҳамон парвандаи қазоӣ ташкил шуд.