Муаллими хатлонӣ аввалин ҷоизаи "Илм –фурӯғи маърифат"-ро дарёфт кард
(last modified Mon, 30 Oct 2023 05:28:21 GMT )
Октябр 30, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Муаллими хатлонӣ аввалин ҷоизаи

Муаллими хатлонӣ дар канори шуғли муаллимӣ, пизишк буда ва ба унвони ҷарроҳ дар бемористони ноҳияи Данғара фаъолият мекунад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар Душанбе оммуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид. Дар се соли баргузории ин озмун, имсол бори нахуст шоҳҷоиза соҳибашро ёфт.

Ғолиби ин озмун ва соҳиби Шоҳҷоизаи "Илм - фурӯғи маърифат, Ҷаҳонгир Дадаҷонов шуд.

Ба иттилои манбаъ, мавсуф омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон буда, ҳамчунин ҷарроҳи Беморхонаи ноҳияи Данғара мебошад.

Манбаъ меафзояд, ӯ дар ин озмун дар номинатсияи "Ихтироъкорӣ ва навоварӣ" ғолиб омад.

Маврид ба зикр аст, ки маросими ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, дар се соли баргузории озмун ин якум Шоҳҷоза мебошад, ки ба соҳибаш расид. Давоми ду соли баргузории ин озмун ягон нафар соҳиби Шоҳҷоиза нагардида буд.

Мақсад аз баргузории ин озмун рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.

Бештар бихонед: