Октябр 30, 2023 20:36 Asia/Dushanbe
  • Ба Тоҷикистон 57. 25 миллион доллар барои иҷрои тарҳи “Миллати солим” ихтисос дода шудааст
    Ба Тоҷикистон 57. 25 миллион доллар барои иҷрои тарҳи “Миллати солим” ихтисос дода шудааст

Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе барои пружаи "Миллати солим" дар Тоҷикистон буҷет ихтисос додааст.

Ин барнома қасд дорад зарфияти миллиро барои посухгуӣ ба шароити изтирории беҳдошти умумӣ тақвият кунад.

Ба Тоҷикистон 57. 25 миллион доллар барои иҷрои тарҳи “Миллати солим” ихтисос дода шудааст.

Дилафрӯз Зеварова, дабири матбуотии дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе гуфт, ин пружа бо беҳбуди кайфияту короии хадамоти муроқибатҳои аввалияи беҳдоштӣ дар манотиқи мунтахаби кишвар ба беҳбуди саломати умумӣ кумак хоҳад кард.

Вай афзуд: Ин барнома зарфияти миллиро барои посухгуӣ ба шароити изтирории беҳдошти умумӣ тақвият хоҳад кард.

Ба гуфтаи Зеварова, Тоҷикистон ҳамчунон дар шохисҳои беҳдоштии калидӣ монанди умед ба зиндагӣ, маргу мири навзодон ва кӯтоҳқадӣ, ҳамроҳ бо афзоиши мавориди бемориҳои ғайривогир ақибтар аз миёнгини ҷаҳонӣ аст.