Афзоиши бардошти пахта дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 01 Nov 2023 07:46:19 GMT )
Ноябр 01, 2023 12:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бардошти пахта дар Тоҷикистон

Мизони бардошти пахта дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳаҷми кулли бардошти пахта дар Тоҷикистон ба 316 ҳазор тон расид.

Бар асоси омори расмӣ, беш аз 87 ҳазор тон пахта дар манотиқи Суғд, 224 ҳазор тон дар Хатлон ва 3 ҳазор тон дар бахшҳои тобеаи ҷумҳурӣ бардошт шуд.

Дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳам кишоварзон қасд доранд дар ин фасл 135 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ кунанд.

Дар Суғд кишоварзон қасд доранд тамоми пахтаи ҷамъоварӣ шударо дар ноҳияи Суғд фароварӣ кунанд.

Ширкати «Суғдтекстайлз», ки ахиран кори худро аз сар гирифтааст дар ин амр кумак хоҳад кард.

Дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, нассоҷӣ, хайётӣ, рангрезӣ ва порча анҷом мешавад ва беш аз 3 ҳазор нафар машғӯл ба кор ҳастанд.