Ноябр 03, 2023 18:47 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкории мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон ва Русия

Русия ва Тоҷикистон тавофуқномае ба арзиш 250 миллион рубл барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир имзо карданд.

Тоҷикистон ва вазорати умури дохили Русия тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи равонгардон ва пешсозҳои онҳоро барои солҳои 2023-2025 имзо карданд.

Ин тавофуқномаро Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Владимир Колокалтсев, мудири Ожонси мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохили Русия имзо карданд.

Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон дар маросими имзои санад ширкат карданд.

Ин тавофуқ шомили ироаи кумаки Русия ба Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва муқобила бо густариши он аст.

Маблағи кулли қарордод беш аз 250 миллион рубл аст.

Дар дидори мақомоти ду кишвар ҳамчунин бар омодагӣ барои тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд.