Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Парки Миллии Душанбе
(last modified Mon, 06 Nov 2023 10:04:46 GMT )
Ноябр 06, 2023 15:04 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи анвои дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва ороишӣ боздид кард
    Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи анвои дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва ороишӣ боздид кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо вазъияти парвариши ниҳол дар Парки Миллӣ ошно шуданд ва аз намоишгоҳи он боздид карданд.

Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парки Миллӣ аз ниҳолҳои дарахтони зинатӣ, ки барои беҳсозии хиёбонҳо, кӯчаҳову паркҳои Душанбе истифода мешавад, боздид кард.

Дарахтони Парки Миллӣ барои корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ, таҷрибӣ ва ҳамчунин ба манзури созгорӣ бо шароити иқлимӣ кошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи анвои дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва ороишӣ боздид кард.

Президентро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳамроҳӣ мекард.

Эмомалӣ Раҳмон ба раисон ва масъулони вазоратхонаҳову идороти зирабт ва ҳамчунин паркҳо дастур дод то садҳо миллион бех ниҳолро барои муҳавватасозӣ ба манзури беҳбуди муҳити зист парвариш диҳанд.