Ноябр 15, 2023 11:22 Asia/Dushanbe
  • Доруҳои лозим барои дармони диабет; дар дастраси беморони тоҷик

Амриддин Абдураҳмонов, мудири шуъбаи муолиҷавии Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, тамоми доруҳои лозим барои дармони диябет дар дастраси беморон аст.

Ӯ афзуд, чанд соле аст, ки давлати Тоҷикистон бо ҳамкории Созмони байналмилалии" зиндагӣ барои кӯдак" тавзеъи ройгони «инсулин»-ро барои беморони диябетӣ оғоз кардааст.

Ӯ гуфт, озмоишоти таъйини сатҳи глукози хун, суранг ва доруҳои коҳишдиҳандаи глукоз тавассути коркунони беҳдошту дармон дар ихтиёри беморон қарор мегирад.

Абдураҳмонов афзуд, сарфи назар аз навъу шиддати диабет, дар сӯрати имкон барои ҳамаи афроди мубтало ба ин беморӣ доруҳои ройгон ироа мешавад.

Вай гуфт, моҳона беморон метавонанд бо муроҷиа ба муассисоти пизишкӣ дар маҳали зиндагии худ доруҳоро таҳия кунанд.

Ӯ гуфт, кулияи беморон диабетии дарёфткунандаи «инсулин» дар дорухонаи сабти ном мекунанд. Дар сӯрати адами сабти ном дар марказ метавонанд дар клиникҳои маҳали сукӯнати худ сабти ном кунанд.

Мудири шуъбаи муолиҷавии Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон афзуд, кулияи бемороне, ки дар Тоҷикистон инсулин дарёфт мекунанд, бояд паспорт ва гувоҳии пизишкии мабнӣ бар инки воқеан ба он ниёз доранд, ироа диҳанд.

 

Барчасп