Баргузории нишасти муштараки вазирони умури хориҷаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Минск
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки вазирони умури хориҷа, дифоъ ва дабирони Шӯроҳои амнияти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ширкат кард.
Ин нишаст рӯзи гузашта 22 ноябр дар шаҳри Минск баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи ҷумҳури Тоҷикистон, Сироҷуддини Меҳруддин, вазири умури хориҷа, Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат карданд.
Сарони ҳайатҳо дар мавриди вазъияти сиёсӣ ва низомӣ дар қаламрави Созмони паймони амнияти ҷамъӣ табодули назар карданд ва иттилооти марбут ба ҳавзаҳои авлавиятдор дар даврони раёсати Қазоқистон дар ин созмонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин пешнависи баёнияи Шӯрои амният ва феҳристи тасмимоти сарони кишварҳо мабнои он қарор гирифт.
Сироҷуддини Меҳруддин мавозеъи ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҷойгоҳи Созмони паймони амнияти ҷамъе дар арсаи байналмиллалӣ, тавсеаи равобит дар арсаҳои низомӣ, низомӣ-иқтисодӣ ва низомӣ-фаннӣ ироа ва дар мавриди вазъияти кунунии Афғонистон ва таъсири он бар Осиёи марказӣ ибрози назар кард.
Дар натиҷаи ин нишасти муштарак баёнияи вазирони умури хориҷаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар бораи мавзеъи ягона барои тазмини амнияти фазои Евразия дар шароити нави низомӣ ва сиёсӣ ба тасвиб расид.