Тоҷикистон мизбони нишасти навбатии «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот»
(last modified Sat, 25 Nov 2023 12:40:17 GMT )
Ноябр 25, 2023 17:40 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони нишасти навбатии «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот»

Рӯзҳои 28 - 29 ноябри ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон, нишасти ҷадиди «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот», ки барои мушорикат дар он аз намояндагони ҳукумати Толибони Афғонистон низ даъват шуда баргузор мешавад.

Image Caption

Ба гузориши хабаргузории Форс, Довуд Муродиён, раиси Муассисаи стратегии Афғонистон гуфт, ёздаҳумин нишасти «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот» бо мушорикати ҳамаи намояндагони гуруҳҳои сиёсии Афғонистон баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки дар ин нишаст масоили мухталифу муҳимми Афғонистон, аз ҷумла гуфтугӯи миллӣ барои тавсеаи демократия, баробарии ҷинсиятӣ, ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, ҳамбастагӣ бо ҳамсоягон мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.

Ин дувумин сол аст, ки ин нишаст дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Нишасти «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот» аз соли 2012 то 2021 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор мешуд.