Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо фармондори Свердловски Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Евгений Куйвашев, фармондори вилояти Свердловски Федератсияи Русия дидор кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, мавзӯи суҳбати ҷонибҳо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ буда, дар канори ин вазъи муҳоҷирини тоҷик дар ин минтақаи Русия баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими онҳо таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид кард, ки имрӯз беш аз 80 минтақаи Федератсияи Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.
Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор гуфт, "Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд".
Вай инчунин муҳимияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон атрофи мавзуи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон суҳбат кардааст .
Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод карда шудааст