Декабр 02, 2023 18:34 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистон барои афзоиши 2 баробарии тавлиди «энержии сабз»

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ҷаҳонии обу ҳаво аз азми ин кишвар барои афзоиши 2 баробарии тавлиди энержии сабз ва иҷрои стратегияи тавсеаи иқтисоди сабз бо ҷазби сармоягузорӣ ва фанноварӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ҷаҳонии об ва ҳаво дар Дубай изҳор дошт: Тоҷикистон стратегияи миллии созгоре бо тағийроти иқлимиро то соли 2030 иҷро мекунад ва ба дунболи коҳиши асароти манфӣ бар ҳавзаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст.

Вай дар идома ба мазиятҳои кишвараш дар заминаи мубориза бо тағийроти иқлимӣ, аз ҷумла интишори ками газҳои гулхонаӣ, ҷойгоҳи пешрав дар тавлиди «энержии сабз» ва рутбаи шашум дар ҷаҳон аз назари дарсади тавлид аз манобеи таҷдидпазир, ишора кард.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин кишвар қасд дорад тавлиди «энержии сабз»-ро ду баробар кунад ва дар ҳоли иҷрои стратегияи тавсеаи иқтисоди сабз барои солҳои 2023 – 2027 бо ҷазби сармоягузорӣ ва фанноварӣ аст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бахши дигаре ба коҳиши манобеи обӣ ба далели об шудани сареъи яхчолҳо ишора кард.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон як қатъномаи Созмони милал дар мавриди ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ пешниҳод кард ва ба ибтикори ин кишвар «Сандуқи байналмилалии ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ» эҷод шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози итминон аз ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба аҳдофи муртабит бо об, бар омодагии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ дар дастури кори ҷаҳонии обу иқлим таъкид кард.

 

Барчасп