Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроии Сандуқи Тавсеаи Арабистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо султон Абдурраҳмон ал-Маршад, мудири иҷроии Сандуқи Тавсеаи Арабистон дидор кард.
Ба гузориши “Спутник”, дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар дода гуфтааст, ки ин вохурӣ дар Қасри Миллат сурат гирифт.
Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Сандуқи Тавсеаи Арабистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар бомаром густариш ёфта, рӯз аз рӯз уфуқҳои нав касб менамоянд.
Аз робитаҳои судманд бо Сандуқи Тавсеаи Арабистон изҳори қаноатмандӣ гардида, итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сандуқи мазкур минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд.
"Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли “неруи сабз” барои пешбурди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин самт имкониятҳои фаровон мавҷуд аст.
Ҳамзамон дар идома ҷониби Тоҷикистон ба зарурати бештар намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт таъкид кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳур бо сафаре ҷиҳати ширкат дар конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Дубай қарор дошт ва пас аз суханрониву мулоқотҳои дуҷониба шоми 3 декабр ба Тоҷикистон баргашт.