Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар таъйини 24 километр марзи давлатии ду кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i109724-Тавофуқи_Тоҷикистону_Қирғизистон_дар_таъйини_24_километр_марзи_давлатии_ду_кишвар
Тоҷикистону Қирғизистон бар сар беш аз 24 километр марзи давлатӣ тавофуқ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Декабр 06, 2023 13:12 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар таъйини 24 километр марзи давлатии ду кишвар

Тоҷикистону Қирғизистон бар сар беш аз 24 километр марзи давлатӣ тавофуқ карданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, тарафайн таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод

Ҳайатҳои ду кишвар аз 29 ноябр то 5 декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд музокира карданд.

Ба навиштаи манбаъ, "Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид" .

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.