Декабр 10, 2023 14:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи биринҷ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
    Афзоиши нархи биринҷ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Нархи биринҷ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вижаи дар Тоҷикстон ва Қазоқистони нисбат ба соли гузаштаи 40 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс кишоварзон ва коршиносони бахш кишоварзӣ мегуянд ки афзоиши эҳтимолии нархи биринҷ дар Тоҷикистон ба вазъияти Қазоқистон бастагӣ надорад балки ба афзоиши нархи воқеии маҳсулоти тавлиди дохил бастагӣ дорад.

Таҷзия ва таҳлили додаҳои омори нишон медиҳад ки нархи биринҷ дар фасли тобистон дар тамомии кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст, аммо дар тирамоҳ ва зимистон маъмулан нархи биринҷ коҳиш меёбад.

Акнун дар Тоҷикистони пас аз бардошти маҳсули ҷадид миёнгини нархи биринҷ дар муқоиса бо тобистон ки як килограм биринҷ ба таври миёна ​​беш аз 20 сомонӣ нарх дошт ба 15 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Кишоварзон бар ин боваранд ки нархи биринҷ дар Тоҷикистон 5 то 10 дарсади нисбат ба соли гузашта афзоиш хоҳад ёфт.

Сабаби афзоиши нарх таваррум, афзоиши тақозои биринҷ ба сааби афзоиши тақозои ҷамъият ва афзоиши нархи аслии маҳсул аст.

Тайи се соли гузашта ҳаҷми тавлиди биринҷ дар Тоҷикистони тақрибан 47 дарсад афзоиш ёфта аст. Агар то соли 2018 солонаи болиғ бар 90 ҳазор тона биринҷ дар кишвар кишт мешуд дар се соли гузашта ин рақам беш аз 130 ҳазор тонна дар сол аст.

Илова бар ин баҳраварии анвоъи биринҷи кишт шуда дар Тоҷикистони маъмулан боло буда ва ба 8 тонна дар гектар мерасад ва бар асоси ин шохис Тоҷикистон дар канори кишварҳои монанди Австралия, Амрико, Миср, Корея ва ғайра дар байни даҳ кишвари бартари ҷаҳон қарор дорад.

Барчасп