Медали тилло барои намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти варзишҳои қудратӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i109902-Медали_тилло_барои_намояндаи_Тоҷикистон_дар_мусобиқоти_варзишҳои_қудратӣ
Фаррух Шокиров-варзишкори Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии паэерлифтинг ё ҳамон варзшҳои қудратӣ тилло гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 12, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Медали тилло барои намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти варзишҳои қудратӣ

Фаррух Шокиров-варзишкори Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии паэерлифтинг ё ҳамон варзшҳои қудратӣ тилло гирифт.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, 400 варзишкор аз кишварҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия ва Эрон дар ин мусобиқот ширкат карданд.

 Варзишкори тоҷик дар яке аз шурӯъҳои муҳимми фасл дар варзишҳои қудратӣ ширкат ва дар вазни 95 килограмм мақоми аввалро дар пррес дар маҷмуъ 200 килограмм касб кард.

 Ин варзишкори тоҷикистонӣ пас аз поёни мусобиқот бо ибрози хушҳолӣ аз ин пирӯзӣ, хотирнишон кард: Рақобат дар ин мусобиқот бисёр боло буд.

 Ӯ гуфт: "Ин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аст, инҷо ҳеҷ ҳарифи заифе вуҷуд надорад. Албатта ман бисёр хушҳолам, ки баранда шудам. Ба талошам барои муваффақият дар мусобиқоти дигар идома хоҳам дод.