Баргузории конфронси байналмилалии «Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо»
(last modified 2023-12-16T14:22:01+00:00 )
Декабр 16, 2023 19:22 Asia/Dushanbe
  • Баргузории конфронси байналмилалии «Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо»

Конфронси байналмилалии «Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо», дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, ин конфронс бо ҳузури намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ЮНЕСКО, шарикони рушди Швейтсария, Донишкадаи геофизикии баландкӯҳ  ва дигар донишмандони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор шуд.

Дар ин конфронс, донишмандон баён карданд, ки вазъияти пиряхҳо, арзёбии онҳо дар фароянди тағйироти обу ҳавоӣ ва равишҳои пардозиши ҳифозат аз яхчолҳо аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст.

 

Барчасп