Декабр 23, 2023 10:31 Asia/Dushanbe

Маросими шаби Ялдо дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури ҷамъе аз андешамандон ва фарҳехтагони Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими шаби Ялдо дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури ҷамъе аз андешамандон ва фарҳехтагони Тоҷикистон аз ҷумла бону Гулрухсор,Ато Мирхоҷа, Мӯҳтарам Ҳотам, Абдулҳамид Самад аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Файзуллоҳ Наҷмуддиниён ва Иброҳим Абдуллоҳзода, намояндагон Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Кароматуллоҳ Олимов ва Мирзошоҳрух Асрорӣ, Саидимрон Саидов ва Икромуддин Неъматов аз Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон ва ва ҷамъе аз эрониёни муқим ин кишвар баргузор шуд.

 Дар ибтидои ин маросим Алиризо Ҳақиқиён- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо табрики шаби Ялдо ба ҳозирон ва ширкаткунандагон, шаммае аз вежагиҳо ва аҳамияти ин шаб ва соир муносибатҳои муштараки эрониён ва тоҷикҳоро баён кард.Ҳақиқиён дар идома шаби Ялдо ё шаби Чилларо мисли иди Наврӯз аз қадимитарин ҷашнҳои порсизабонон унвон кард, ки бо собиқаи 7 ҳазорсола ҷойгоҳи вежаеро дар тақвими ниёгони мо ба худ ихтисос додааст.

 Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ин шабро намодинтарин шаб дар фарҳанги куҳани эронӣ донист ва гуфт: Шаби Ялдо тӯлонитарин шаби сол аст ва аз замонҳои дӯр барои мардуми Эрон намоди пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ будааст.

 Ҳақиқиён идома дод: Ялдо ба маънои таваллуд аст ва дар фарҳанги эрониён, таваллуди Меҳр ё Хуршед дар ин шаб иттифоқ меафтад. Аз ин рӯ  шаби Ялдо барои обову аҷдоди мо, намоди ишқ, муҳаббат, рӯшноӣ ва хуршед будааст.

Вай дар поёни суханони худ изҳор дошт: Орзу дорам, ки дар остонаи шабҳои сарди зимистонӣ, дилҳои эрониён ва тоҷикон ва ҳама меҳрубонони дунё, конуни муҳаббатҳои мутақобил бошад ва нури равобити ду кишвари хешованди Эрон ва Тоҷикистон ҳамвора мисли Хуршед пурталаълуъ ва гарм бошад.

 Дар идома хонум Гулрухсор, шоираи миллии Тоҷикистон ва Мӯҳтарам Ҳотам аз чеҳраҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистон суханоне дар хусуси шаби Ялдо баён доштанд.

 Ин маросим бо хондани ашъори Ҳофиз ва Шоҳнома ва ашъори ялдоӣ ва иҷрои мусиқии зинда тавассути гурӯҳи «Доруг»-и Хуросони разавӣ ва тартиби суфраи вежаи шаби Ялдо фурсати хушеро барои ҳозирон ба вуҷуд овард.

 

Барчасп