Январ 02, 2017 10:48 Asia/Dushanbe
  • Спутник: Ҷашни соли нав дар Тоҷикистон камранг мешавад

Спутник навишт: Ба назар мерасад, ба тадриҷ баргузории ҷашни соли нав дар Тоҷикистон ҳар сол камрангтар мешавад ва мардуми ин кишвар ҷашни Наврӯзро ба унвони оғози сол ва ойини миллии хеш тарҷеҳ медиҳанд.

Сайти Sputnik дар ин бора навишт: Аксари тоҷиконе, ки ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон ва дар Русия аз онон дар бораи ҷашни соли нав пурсидааст, гуфтаанд, ки барои онон ҷашни Наврӯз аҳамият дорад.

Бар асоси ин гузориш, бо вуҷуди таътилии се рӯзаи расмӣ дар Тоҷикистон аксари шаҳрвандони ин кишвар муътақиданд, ки ҷашни соли нав ҳеч иртиботе бо ойин ва суннатҳои миллӣ ва мазҳабии тоҷикон надорад ва бар асоси омузаҳои ислом пайравӣ аз ҷашнҳои ғайримусулмонон дуруст нест.

Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон ба Спутник таъкид кардааст, ки соли навро ҷашн намегирад, зеро барои мардуми Тоҷикистон оғози фасли баҳор ва Наврӯз соли нав аст, ки табиати дубора зинда мешавад.

Аъзамшоҳи Шерговадӣ, таҳлилгари тоҷик низ муътақид аст, ки барои тоҷикон Наврӯз ойини миллӣ ба ҳисоб меояд ва ниёзӣ ба ҷашни соли нав вуҷуд надорад.

Хабаргузории Спутник ба ин натиҷа расидааст, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба тадриҷ дар Тоҷикистон Наврӯз ҷойгузини ҷашни соли нав мешавад ва ин ойини масеҳӣ дар ҳоли камрангтар шудан аст.