Рунамои аз муҷассамаи Куруши Кабир дар пойтахти Тоҷикистон
(last modified Sun, 24 Dec 2023 08:02:21 GMT )
Декабр 24, 2023 13:02 Asia/Dushanbe
  • Рунамои аз муҷассамаи Куруши Кабир дар пойтахти Тоҷикистон
    Рунамои аз муҷассамаи Куруши Кабир дар пойтахти Тоҷикистон

Муҷассамаи яке аз шахсиятҳои тарихӣ, бунёнгузор ва нахустин подшоҳи силсилаи Ҳахоманиши дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон рунамои шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз хабаргузории Форс, муҷассамаи Куруши Кабир тавассути Рустами Эмомалӣ раиси маҷлиси миллии маҷлиси оли ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рунамоӣ шуд.

Ин муҷассамаи торихи ки дар боғи бо номи Куруши Кабир насб шуд аз масолеҳи марғуб ва бо ҳунари оли сохта шуда ва баландии он 3 метр аст.

Раиси маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон насби муҷассамаи ин шахсияти пуровозаро дар шаҳри Душанбе нишонаи эҳтироми миллати Тоҷикистон ба шоистагиҳо ва такрими шахсиятҳои тарихии миллати Эрон  бостон  унвон кард.

Шоён зикраст ки 7 июни соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори пойтахти ин кишвар боғи ба номи Куруши Кабир дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ифтитоҳ карданд.

Куруш дувум (576-529 қ.м.м) маъруф ба Куруши Кабир аввалин подшоҳ ва бунёнгузори ҳукумати Ҳахоманишӣ буд ки дар 40 солагӣ ба подшоҳи расид у ба муддати 30 сол (559 то 529 қ.м.м) бар манотиқи васиъӣ аз Осиё ҳукумат кард.

Шаҷараномаи Куруш аз самти хонадони падарӣ ба порсҳо мерасад, ки солҳо бар "Онишон"  шимоли Хузистони кунунӣ дар ҷануби ғарбии Эрон ҳоким буданд ва аз самти хонадони модарӣ ба Модҳо мерасад.

Мақбараи Куруши Кабирро дар шаҳри Широз дар фосилаи ҳудуди як километрии ҷануби ғарби маҷмуъа посоргод аст оромгоҳи Куруши Кабир соли 2004 милодӣ дар мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба унвони зермаҷмуъаи посоргод сабт шудааст.