Декабр 24, 2023 13:16 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои густариши ҳамкории варзиши бо Тоҷикистон
    Омодагии Эрон барои густариши ҳамкории варзиши бо Тоҷикистон

Раиси кумитаи миллии олимпики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бар омодагии Эрон барои густариши ҳамкории варзишӣ бо Тоҷикистон таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дар ин дидор Маҳмуди Хусравивафо раиси кумитаи миллии олимпики Эрон гуфт: Ҷудо аз барпои урдуҳои муштарак ва мусобиқот, Эрон асотид ва мураббиёни хуби дар риштаҳо ва бахшҳои мухталиф дорад ва метавонад донистаҳо ва таҷрибиёти худро дар ихтиёри кишвари дусту бародари Тоҷикистони бигузорад ва қатъан барпои давраҳои мухталиф ва муштараки омузиши яке аз ҳамин барномаҳо хоҳад буд.

Сайидманофи Ҳошимӣ дабири кулли кумитаи миллии олимпики Эрон низ дар ин дидор гуфт: Ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ба далели забони муштарак ва қаробати торихӣ ва фарҳангии бисёре ки доранд метавонанд як ҳамкории қавӣ дар заминаи варзиш доштабошанд ва кумитаи миллии олимпик дар ростои афзоиши дустии миёни ду кишвар ин омодагиро дорад то мизбони тимҳои варзишӣ ва ҳатто мураббиён ва ё донишомухтагони ин кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф бошад.

Дар идома Абдуллоҳи Раҳмонзода раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ибрози хурсандӣ аз сафар ба Эрон гуфт: Ба кишвари дусту бародармон Эрон омадем то аз таҷрибиёт, имконот ва доштаҳо истифода кунем.

Барчасп