Муаррифии беҳтарин бозикун, довар ва мураббии соли Тоҷикистон дар соли 2023
Унвони беҳтарин бозикун ва ҳамчунин беҳтарин дарвозабон Лига олии Тоҷикистон дар соли 2023 насиби Рустам Ятимов, миллипӯш ва узви тими «Истиқлол»и Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Игор Чревченко аз тими Истиқлоли Душанбе ба унвони беҳтарин мураббӣ муаррифӣ шуд.
Ҳамдонӣ Комилов аз Истиқлол - беҳтарин ниммуҳофизатчӣ, Евгений Гиритсенко аз тими Равшани Кулоб- ба унвони беҳтарин бозикуни хориҷии Лига олии Тоҷикистон шинохта шуд.
Алишер Ҷалилов ("Истиқлол") - беҳтарин голзан ва Манучеҳр Ҷалилов ("Истиқлол") - беҳтарин ҳамлагари Тоҷикистон-2023 шуд..
Холмурод Назаров ("Равшан") , беҳтарин мудофеъ ва Муҳаммад Назаров("Истиқлол") , беҳтарин бозикуни тими ҷавонони Лига олии Тоҷикистон- ,2023
Шамсиддин Қосимов , беҳтарин мураббии тими ҷавонони, Рустам Давлатов-беҳтарин голзан тими ҷавонон,Илҳом Баротов ("Истравшан") - беҳтарин бозикуни лиги аввали Тоҷикистон ва Боир Эгамбердиев("Панҷшер") ба унвони беҳтарин мураббии лигаи дастаи аввали Тоҷикистон баргузида шуданд