Боздиди вазири варзиши Тоҷикистон аз варзишгоҳи “Нақши Ҷаҳон”
(last modified Wed, 03 Jan 2024 13:42:09 GMT )
Январ 03, 2024 18:42 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ Раҳмонзода, вазири варзиши Тоҷикистон дар Исфаҳон
    Абдуллоҳ Раҳмонзода, вазири варзиши Тоҷикистон дар Исфаҳон

Вазири варзиши Тоҷикистон аз варзишгоҳи “Нақши Ҷаҳон”-и Исфаҳон ва музеи “Сипоҳон” боздид кард.

Абдуллоҳ Раҳмонзода, вазири варзиши Тоҷикистон ба ҳамроҳи соири мудирони варзиши ин кишвар аз варзишгоҳи “Нақши Ҷаҳон” ва музеи бошгоҳи “Сипоҳон”, воқеъ дар ин варзишгоҳ боздид кард.

Раҳмонзода пас аз ин боздид, зимни тамҷид аз ин варзишгоҳу музей, бошгоҳи “Сипоҳон”-ро яке аз бошгоҳҳои пешрав дар сохтори мудириятиву ҳирфаӣ донист.

Ӯ ҳамчунин дар хусуси барқарории таомулоти густарда байни бошгоҳҳои Тоҷикистон ва бошгоҳи “Сипоҳон” эъломи омодагӣ кард.

Дар поёни ин боздид ҳадяе аз сӯи вазири варзиши Тоҷикистон ба музеи бошгоҳ эҳдо шуд.