Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Туркия бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Ҳоқон Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Бо гузориши сомонаи Ховар,имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳоқон Фидан ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳоқон Фиданро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Гуфта мешавад, имрӯз қарор аст, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Туркия бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидор намояд.