Ҷоми миллатҳои Осиё: Сармураббии Тоҷикистон: Кишваре кучак бо қалбе бузург ҳастем
(last modified Fri, 12 Jan 2024 16:25:28 GMT )
Январ 12, 2024 21:25 Asia/Dushanbe
  • Рақобати тими Тоҷикистон баробари Чин дар Ҷоми миллатҳои Осиё
    Рақобати тими Тоҷикистон баробари Чин дар Ҷоми миллатҳои Осиё

Сармураббии тими футболи Тоҷикистон дар остонаи дидори тимаш баробари Чин дар Ҷоми миллатҳои Осиё гуфт, ҳар чанд кишваре кучак ҳастем, аммо қалбе бузург доштаву аҳдофи мушаххасе дорем.

Петр Сегрт бо ишора ба дидори тимаш баробари Чин дар марҳалаи гуруҳии Ҷоми миллатҳои Осиё таъкид кард, ҳарчанд дар муқоиса бо Чин кишвари кучаке ҳастему ҷамъияти зиёде надорем, аммо дар муқобил қалби бузурге дорем ва медонем чи гуна мушкилоту мавонеъро бартараф кунем.

Вай идома дод: “Футбол фақат варзиши бурду бохт нест, мо бояд ба ҳам эҳтиром бигзорем. Бояд аз AFC ва баргузоркунандагони Ҷоми миллатҳои Осиё барои ҳама чиз ташаккур кунам. Мо аз ҳузур дар Қатар хушҳолему ҳузур дар Ҷоми миллатҳои Осиё барои Тоҷикистон боиси ифтихор хоҳад буд”.

Сармураббии Тоҷикистон ёдовар шуд, футбол дар Осиё пешрафти бисёре карда ва мо онро дар охирин Ҷоми Ҷаҳонӣ дидем. Футболи ин қора ба футболи Аврупо наздиктар шудааст. Аввалин бор аст, ки инҷо ҳастем, ки ифтихору гоме бузург барои футболи Тоҷикистон ба шумор меравад ва медонем, ки дар гуруҳи сахте ҳам қарор дорем. Бояд ба ҳама эҳтиром бигзорем, аммо бовар кунед онҳо ҳам бояд ба мо эҳтиром бигузоранд, зеро мехоҳем натиҷа бигирем.

Гуфтанӣ аст, дидори ду тим фардо – шанбе, соъати 18 дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа баргузор мешавад. Тими Тоҷикистон дар гуруҳи “A” бо тимҳои Қатар, Чин ва Лубнон ҳамгуруҳаст.