Январ 26, 2024 20:19 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон
    Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон

Дар дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Қазоқистон заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ байни ду кишвар баррасӣ ва ба раванди густариши пойдори мушорикати роҳбурдӣ ишора шуд.

Мурат Нуртлеу, муовини нахуствазир, вазири умури хориҷаи Қазоқистон, ки ба шаҳри Душанбе сафар кардааст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷа Сироҷиддини Муҳриддин дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор бахши густардае аз мавзӯоти ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ ва бо ризоят ба фароянди пойдори густариши мушорикати роҳбурдии ду кишвар ва ҳамчунин иртиқои он ба сатҳи таомулоти ҳампаймонӣ ишора шуд.

Вузарои хориҷаи ду кишвар ҳам дар мавриди баргузории нишасти ояндаи Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар нимаи аввали соли ҷории мелодӣ (қабл аз сафари давлатии раисиҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон) ба мизбонии Тоҷикистон ва дар шаҳри Душанбе тавофуқ карданд.

Дар поёни ин музокирот нақшаи роҳи омодасозии сафари давлатии Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷории мелодӣ мавриди тавофуқ қарор гирифт.

Изҳор шуд, ки дар чорчӯби сафари давлатии раиси ҷумҳурии Қазоқистон ба Душанбе рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор мешавад.