Январ 31, 2024 19:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар
    Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар

Дар соли ҷории мелодӣ Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Озарбойҷон баргузор мешавад.

Дар соли ҷории мелодӣ Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Озарбойҷон барпо мешавад.

Ҳамчунин тайи соли ҷории мелодӣ баргузории Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон барномарезӣ шудааст.

Гуфтанӣ аст, ки имсол ҷашнвора – симпозиуми байналмилалии «Шашмақом», мусобиқае таҳти унвони «Тоҷикистон меҳани азизи ман», барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар чорчӯби сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва раиси Шӯрои маслиҳати халқи Туркманистон ба Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Шоёни зикр аст, ки соли гузашта дар хоки Русия ва Қазоқистон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуда буд.

 

Барчасп