Сармураббии Тоҷикистон: Рози муваффақияти ман эҳтиром ба бозикунон аст/ Эрон тими фавқулоддае дорад
(last modified 2024-02-01T13:44:02+00:00 )
Феврал 01, 2024 18:44 Asia/Dushanbe
  • Сармураббии Тоҷикистон: Рози муваффақияти ман эҳтиром ба бозикунон аст/ Эрон тими фавқулоддае дорад

Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон мегӯяд, ба бозикунонаш имон дорад ва қасд дорад ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ ёбад.

Петр Сегрт, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон дар нишасти хабарии пеш аз бозии фардо (ҷумъа) муқобили Урдун дар марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё гуфт, возеҳ аст, ки бозиамон муқобили Иморот сангин буд. Мо қудрати худамонро дорему чизеро наметавонем иваз кунем ва то охирин лаҳза меҷангем чун бозии сахте муқобили Урдун хоҳем дошт. Бурд муқобили Ироқ кайфияти бозикунони Урдунро нишон медиҳад ва мо бояд роҳе барои бозӣ муқобили Урдун пайдо кунем.

Вай афзуд, медонам, ки бозикунонам чиқадар пешрафт кардаанд. Бозикунонам барои чунин фишоре омода набуданду ҳама чиз барои онҳо ҷадид буд. Ҳоло байни 8 тими бартари ҷом ҳастем, мо ҳамчунон асби сиёҳ ҳастем ва мехоҳем идома диҳем. Ин беҳтарин мусобиқот буда ва ман чизе барои шикоят надорам. Як рози кучак дорам ва он, ин аст, ки тамоми фишор рӯи ман аст. Урдун 5 шут зада, ки ҳама гол шуда ва ин мавзӯ кайфияти онҳоро нишон медиҳад.

Вай дар вокуниш ба инки оё нигарони бозии фардо нест? Гуфт: Ба бозмкунонамон имон дорам. Фардо бозӣ дорем ва фақат ба дунболи беҳтарин натиҷа ҳастам. Фақат мехоҳам бибараму бибарам. Баъд аз бозӣ шумо хоҳед дид чун ба бозикунонам итминон дорам.

Петр Сегрт дар бораи амалкарди тими миллии Эрон изҳор дошт: Шумо тими миллии фавқулоддае доред. Ба шумо табрик мегӯям. Вазъияти мушобеҳе дар ин марҳала доштем. Ман бо Купер кор карда будам, ӯ мураббии фавқулоддае аст. Мо, Эрон ва Корея дар пеналтӣ баранда шудем, ин муҳим нест, чун муҳим ин буд, ки ба марҳалаи баъд роҳ ёбем.

 

Барчасп