Феврал 05, 2024 15:28 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар иртиқои музокироти дуҷониба дар бораи таъйини хутути марзӣ дар дидор бо вазири хориҷаи Қирғизистон
    Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар иртиқои музокироти дуҷониба дар бораи таъйини хутути марзӣ дар дидор бо вазири хориҷаи Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон , раисиҷумҳӯрии Тоҷикистон бо Жээнбек Кулубаев  , вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Қирғизистон дидор ва гуфтугӯ кард .

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҶумҳӯрии Тоҷикистон имрӯз бо Жээнбек Кулубаев, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Қирғизистон ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст , дидор ва гуфтугӯ карданд .

Дар ин гуфтугӯ тамомии масоили равобити Тоҷикистону Қирғизистон ва чашмандоз тавсеаи он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .

Дар ин замина , раисиҷумҳӯр Эмомалӣ Раҳмон  бар аҳамияти тавсеаи фаъолтари гуфтугӯҳои сиёсӣва  тақвияти фазои эътимод дар равобити ду кишвар ки мубтанӣ бар арзишҳои чанд сад солаи дӯстӣ ва  суннатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ аст , таъкид кард .

Мавзӯъоти иҷрои тавофуқи сарони ду кишвар дар заминаи иртиқои музокироти дуҷониба дар хусӯси таъйини хати марзии давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва  натоиҷи ахири ба даст омада дар ин росто дар конӯни тавваҷуҳ қарор гирифт .

Таъкид шуд. ки тарафайни тайи чаҳор моҳи гузашта бар сари тарроҳӣ ва  асноди кории ҳудӯди 196 километр аз хати марзии давлати ба тавофуқ расида ва тақрибан 90 дарсад аз интиқоли он ба вазъи феълиро ба поён рисондаанд.

Барчасп