Мубориза бо ифротгароӣ меҳвари ройзании додситонҳои кули Тоҷикистон ва Арабистон
Феврал 06, 2024 19:45 Asia/Dushanbe
-
Мубориза бо ифротгароӣ меҳвари ройзании додситонҳои кули Тоҷикистон ва Арабистон
Додситонҳои кули Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ бо якдигар дидор ва ҳамкори дар заминаи мубориза бо тероризм ва ифротгароиро баррасӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Юсуф Раҳмон додситони кули Тоҷикистон бо Абдуллоҳ Алмаъҷаб додситони кули Арабистони Саъудӣ дидору гуфтугу кард.
Ду тарафи тайи ин дидори масоили муқобила бо тероризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, қочоқи инсон, қочоқи маводи мухаддир ва дигар мазоҳири ҷароими фаромиллӣ барраси карданд.
Ин дидор дар чорчуби сафари додситони кули Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт.
Барчасп