Гардишгарони 121 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон боздид кардаанд
(last modified Mon, 12 Feb 2024 12:36:08 GMT )
Феврал 12, 2024 17:36 Asia/Dushanbe
  • Гардишгарони 121 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон боздид кардаанд
    Гардишгарони 121 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон боздид кардаанд

Раиси кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон гуфт: Дар соли 2023 гардишгарони 121 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Камолудин Муминзода имруз бо эъломи ин матлаб дар нишасти хабари ба хабарнигорон афзуд: Теъдоди кули гардишгароне ки аз Тоҷикистон боздид кардаанд, болиғ бар як миллиону 358 ҳазор нафараст.

Муминзода изҳор дошт: Як миллиону 256 ҳазору 200 гардишгар муодили 92.5 дарсад аз кишварҳои ИДМ ва 101 ҳазору 800 нафари муодили 7.5 дарсад аз кишварҳои хориҷ дур ҳастанд.

Ба гуфта раиси кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон аз маҷмуи шаҳрвандони хориҷӣ ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд як миллиону 201 ҳазор нафар гардишгар маҳсуб мешаванд ки нисбат ба соли 2022 дусаду якҳазор гардишгар ё 20.2 дарсад бештараст.