Давлатманд Холов чеҳра дар ниқоби хок кашид + гузориш
Давлатманд Холов, фалаксарои машҳури Тоҷикистон 18 феврали 2024 дори фониро видоъ гуфт.
Давлатманд Холов, навозанда ва фалаксарои бузурги Тоҷикистон 18 феврали соли 2024 бар асари бемории саратон дар синни 73 солагӣ дори фониро видоъ гуфт .
Холов устоди мусиқии маҳаллии ҷануби Тоҷикистон ба номи Фалак буд. Ӯ ки Шашмақомро дар Консерваторияи мусиқии Душанбе омӯхта буд, ба навохтани дутор, ғижак ва сетор, ки аз созҳои шинохташудаи ин минтақа ҳастанд, машҳур буд.
Оҳангҳо ва овозҳои ӯ ҳолати сӯфиёна доранд ва баъзан бар асоси ашъори Мавлавӣ танзим шудаанд.
Чанд албом аз гузидаи корҳои ӯ дар Эрон мунташир шудааст. Холов дар чанд филм ва сериали эронӣ монанди "Шукрона" ҳунарнамоӣ кардааст. Намоҳанги «Хуни Худо» бо созу овози устод Давлатманд Холов ба муносибати айёми Муҳаррам дар Эрон дар соли 2020 тавлид шуд.
Бархе аз осори барҷоймонда аз марҳум Холов “Шоҳ паноҳам бидеҳ", "Рӯзгори тоҷик", "Шоҳнома сухан аст" ва "Дур машав" мебошанд.
Мусиқии Тоҷикистон шомили Шашмақому Фалак аст, ки овозҳои он қарнҳо сина ба сина аз насле ба насли дигар мунтақил шудааст ва иҷро мешавад.
Бештар бихонед: