Тасмими Тоҷикистон барои ривоҷи мусиқии суннатии «Шашмақом» ва «Фалак»
(last modified Sat, 09 Dec 2023 06:35:36 GMT )
Декабр 09, 2023 11:35 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Тоҷикистон барои ривоҷи мусиқии суннатии «Шашмақом» ва «Фалак»

Тоҷикистон қасд дорад мусиқии суннатии «Шашмақом» ва «Фалак»-ро, ки тавассути ЮНЕСКО ба унвони мероси ҷаҳонӣ сабт шудааст, ривоҷ диҳад.

Ба гузориши Спутник, Тоҷикистон ин амрро барои муҳофизат аз мусиқии миллӣ зарурӣ медонад.

 Ин барнома бо ҳадафи ҳифозат аз ҳунари хосси Тоҷикистон дар иҷрои омӯзиши ҳунари мусиқии касбӣ иҷро хоҳад шуд. Ба вежа бар асоси барномарезиҳои анҷомшуда мутахассисони иҷрои мусиқӣ дар ин гуна бахшҳо дар Тоҷикистон омӯзиш хоҳанд дид ва ҳамчунин қарор аст донишномаи "истилоҳоти суннати тоҷики" ва маҷмӯаҳои мусиқӣ мунташир шавад.

 Илова бар ин Тоҷикистон барои ошноӣ бо суннатҳои мухталиф иҷрои мусиқӣ ва сафарҳои фарҳанги ба манотиқро баргузор хоҳад кард.

 Хароҷоти иҷрои барнома аз будҷаи давлатӣ барои тавсеаи бахш фарҳангӣ беш аз 4 миллион сомонӣ аст.

 Қарор аст ҷашнвораи байналмиллалии «Фалак» дар соли 2025 баргузор шавад.

 

бештар бихонед: