Афзоиши ҳаҷми тавлиди маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва мардумиии Тоҷикистон
(last modified Tue, 20 Feb 2024 06:48:31 GMT )
Феврал 20, 2024 11:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳаҷми тавлиди маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва мардумиии Тоҷикистон

Ҳаҷми тавлиди маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва мардумиии Тоҷикистон дар соли 2022 ба таври миёна 65.4 миллион сомонӣ ва дар соли 2023, ба миқдори 79.6 миллион сомонӣ будааст.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дар соли 2023 беш аз 13 ҳазор нафар дар марказҳои тахассусӣ дар Тоҷикистон дар заминаи ҳунарҳои дастӣ ва мардумӣ омӯзиш диданд.

  Ин мавзӯъро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ эълом кардааст.

  Хотирнишон мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 8 ҳазор ҳунарманд дар дар Тоҷикистон машғул ба кор ҳастанд.

  Ин вазоратхона таъкид кард: "Ин дар муқоиса бо омори соли 2022, тақрибо 2 ҳазор нафар бештар аст."

  Ҳамаи онҳо дар 12 соҳаи саноъат кор мекунанд, ки 3.2 ҳазор нафар аз онҳо колоҳои дастисоз тавлид мекунанд ва бештаринашон марбут ба манотиқи Хатлон (41.4 дарсад) ва Суғд (32.9 дарсад) аст.

  Пеш аз ин давлати Тоҷикистон қарори ҳимоят аз саноъати дастиро содир карда буд.

  Дар ҳамин замина кумакҳои молии  раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 дар назар гирифта шудааст.