Феврал 21, 2024 09:45 Asia/Dushanbe
  • Муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2026: Тоҷикистон - Арабистон дар Риёз

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар таърихи 21 март сеюмин бозии худро дар гуруҳи “G” марҳалаи дувуми муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2026 баргузор мекунад.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ҳарифи тими Тоҷикистон тими миллии Арабистон аст.

Ин дидор дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд ва аз соати 23:59 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Тимҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар чаҳорумин давраи рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2026 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба масоф ҳам хоҳанд рафт. Ин дидор аз соати 20: 00 рӯзи 26 март оғоз мешавад.

 

Барчасп