Афзоиши ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид
(last modified 2024-03-02T05:45:37+00:00 )
Март 02, 2024 10:45 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи ҳифзи муҳити зист мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои намояндагии он дар Тоҷикистон, ба вежа барномаи тавсеаи СММ дар дидори Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо хонум Ивана Жиокович,дастёри дабири кулли ССМ, мудири дафтари минтақаии барномаи тавсеаи ин созмон дар умури Аврупо ва кишварҳои ИДМ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 Тарафҳо дар мавриди куллияи мавзӯъоти дуҷониба ва чандҷонибаи матраҳшуда дар заминаи ҳифзи муҳити зист ба тавофуқ расиданд.

 

Барчасп