Март 13, 2024 14:34 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии корхонаи ресандагӣ дар вилояти Хатлон

Дафтари намояндагии ширкати олмонии «Trutzschler spinning» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар назар дорад як корхонаи ресандагӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон эҳдос кунад.

Ин масаъла дар дидори Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон бо намояндагони ин ширкат баррасӣ шуд.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди ҳамкории бештар ва ройзанӣ дар мавриди сохт ва роҳандозии корхонаи ресандагӣ ба тавофуқ расиданд. Тарафайн бо корхонаи ресандагии «Бакан», ки таҷҳизоти ин ширкат дар он истифода мешавад, ошно шуданд.