Март 22, 2024 22:02 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Наврузи 2024
    Паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Наврузи 2024

Эмомалӣ Раҳмони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикии худ ба муносибати фаро расидани Наврузи 2024 мушкили таъмини ғизо барои ҷамъияти караи заминро ёд овар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз ховар ; Эмомалӣ раҳмон , раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрики худ ба муносибати фаро расӣдани наврӯзи 2024 мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям.

Солҳои охир бо сабаби мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст.

Бар асоси таъкидҳои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 фоиз кам мебошад.

Тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад.Имрӯз сокинони беш аз 80 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд.

Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди кишвар ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем.

Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Барчасп