Боздошти 9 нафар дар Тоҷикистон ба гумони иртибот бо ҳамлаи террористии Маскав
(last modified Fri, 29 Mar 2024 12:48:26 GMT )
Март 29, 2024 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ин мазнунон ба далели иртиботи эҳтимолӣ бо ДИИШ бозҷӯӣ мешаванд
    Ин мазнунон ба далели иртиботи эҳтимолӣ бо ДИИШ бозҷӯӣ мешаванд

Манбаъе аз сервисҳои вижаи Тоҷикистон аз боздошти 9 гумонбар дар иртибот бо ҳамлаи террористии ҷумъаи гузашта дар Маскав хабар додааст.

Ба гузориши “Спутник” ва бар асоси манобеи мутталеъ дар сервисҳои иттилоотии Тоҷикистон, ин мазнунон ба далели иртиботи эҳтимолӣ бо ДИИШ, ки як гуруҳ террористӣ аст, таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.

Ин боздошт пас аз он анҷом шудааст, ки Кумитаи таҳқиқоти Русия рӯзи панҷшанбе иртибот байни омилони ҳамлаи террористӣ ба толори консерти Крокус ситии Маскав ва миллигароёни украиниро таъйид кардааст.

Дар ҷараёни ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъаи гузашта ба ин салони консерт, дастикам 139 нафари кушта ва беш аз даҳҳо тани дигари захмӣ шудаанд.