Масири Душанбе – Остона оғоз ба кор кард
-
Масири Душанбе – Остона оғоз ба кор кард
Дар салони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе , маросими ифтитоҳи масири ҷадиди мустақим ва муназзам аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Остона , пойтахти Қазоқистон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз Ховар ; ин масир ба тавсеаи санъати гардишгарии ду кишвар ангезаи ҷиддӣ хоҳад дод ва ба афзоиши теъдоди гардишгарон кумак хоҳад кард , зеро бо истифода аз масири Душанбе – Остона ва билакс Остона – Душанбе метавон аз Душанбе ба 11 кишвари ҷаҳон ва аз Остона ба 25 кишвари ҷаҳон парвоз кард .
Гуфтанӣ аст , аввалин парвози Душанбе ба Остона дар таърихи 2 апрел анҷом шуд ва тибқи пешбиниҳо , ҳафтаӣ як бор ва дар рӯзҳои сешанбе анҷом хоҳад шуд . Аз 19 апрел , теъдоди парвозҳои Душанбе ба Остона ба ду парвоз дар ҳафта – дар рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа – афзоиш меёбад.
Парвозҳо дар ин масир бо ҳавопаймоҳои роҳати Boeing 737 - 800 ва Boeing 737 - 900 анҷом мешавад.