Чашмандоз густариши ҳамкории байни Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Сандуқи кӯдакони ЮНИСЕФ
(last modified 2024-04-04T06:09:52+00:00 )
Апрел 04, 2024 11:09 Asia/Dushanbe
  • Чашмандоз густариши ҳамкории байни Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Сандуқи кӯдакони ЮНИСЕФ
    Чашмандоз густариши ҳамкории байни Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Сандуқи кӯдакони ЮНИСЕФ

Ҳамкорӣ бо Сандуқи кӯдакони Созмони Милал дар Кумитаи варзиш ва ҷавонон мавриди баҳс қарор гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон ба нақл аз Ховар ; Зулфиқори Гулаҳмдзодаҳ , раиси Кумитаи варзиш ва  ҷавонони вобастаи Тоҷикистон бо Артур Ван Дисн , раиси дафтари намояндагии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ( ЮНИСЕФ ) дар Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард .

Дар ин дидор , тарафайн дар мавриди чашмандози густариши ҳамкории байни Кумитаи ҷавонон ва  варзиши зери назари давлати Тоҷикистон ва  Сандуқи кӯдакони ЮНИСЕФ , раванди иҷроии барномаи давлатии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2026 , роҳбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 “ барномаи тавсеаи миллии фаъолияти довталабонаи 2023 - 2027 ” табодули назар ва  густариши равобит дар чорчӯби тавсеаи фаъолиятҳои довталабонаро зарурӣ донистанд .

Тарафайн дар мавриди равобит дар заминаи кор бо ҷавонон гуфтугӯ ва  тамоюли худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар оянда иброз карданд.

Барчасп