Апрел 24, 2024 10:39 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Италия бо ҳузури сарони ду кишвар
    Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Италия бо ҳузури сарони ду кишвар

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Серҷио Моторелло, раисҷумҳури Италия дидору гуфтугӯ кард.

Дар таърихи 23 апрел раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Серҷио Моторело, раиси Ҷумҳурии Италия дидору гуфтугӯ кард.

Маросими истиқболи расмӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқобили кохи “Куиринол”-и раисиҷумҳури Италия баргузор шуд.

Гуфтугӯ дар бораи масоили ҳамкории Тоҷикистону Италия дар кохи “Куиринол”, дар дидори вижаи сарони кишварҳо оғоз шуд ва бо ҳузури ҳайатҳои ду тараф идома ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даъвати раисиҷумҳури Италия барои сафари расмӣ ва истиқболи гарм ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Дар ин дидор бар ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим, ҳифозату тақвияти амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид шуд.

 

Барчасп