Идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон расман мамнуъ шуд
(last modified Wed, 15 May 2024 09:03:48 GMT )
Май 15, 2024 14:03 Asia/Dushanbe
  • Кӯдакон аз идгардак маҳрум шуданд
    Кӯдакон аз идгардак маҳрум шуданд

Бар асоси қонун идгардак барои кӯдакон мамнуъ шуд ва дигар кӯдакон ҳаққи идгардӣ надоранд.

Бар асоси моддаи 9-и лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақсими ширинӣ ва тақдими туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон, ин тағйирот бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо гирифта шудааст.

Вай афзуд: Дар дигар кишварҳо низ идгардак дар шакли мавҷудаи он ба мушоҳида намерасад.

Маъмулан дар идҳои Рамазон ва Қурбон кӯдакон ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрик мераванд ва ҳар гуна тӯҳфаву ҳадя мегиранд. Ин одат бештар дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон маъмул буда, номи онро “Идгардак” мегӯянд.

Идораҳои динии Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карда буданд. Он замон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашудааст ва гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст. Кӯдакон ба ҷойҳои ношинос мераванд, бо афроди ғариба рӯ ба рӯ мешаванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранд ва дар биноҳои баландошёна равуо мекунанд, ки хатаротеро мутаваҷеҳи онҳо мекунад.