Афзоиши кишти пахта дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 16 May 2024 06:22:38 GMT )
Май 16, 2024 11:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кишти пахта дар Тоҷикистон
    Афзоиши кишти пахта дар Тоҷикистон

Кишоварзони тоҷик кишти баҳориро дар замини ба масоҳати беш аз 395 ҳазор ҳектор ба поён расонданд ки ҳудӯди 90 дарсаде аз барномааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс; Бар асоси пешбинии Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ , ба таври куллӣ кишти баҳораи имсол бояд дар замини ба масоҳати 440 ҳазору 727 ҳектор анҷом шавад .

Дар Тоҷикистон , монанди қабл , авлавият ба кишти пахта аст  , беш аз 40 дарсад аз заминҳои зери киштро ишғол мекунад .

Дар соли 2023 , кишоварзони Тоҷикистон 411 . 9 ҳазор тон пахта ( 95 . 8 дарсади барнома ) бардошт карданд ки 344 . 4 ҳазор тон ( 83 . 6 дарсади маҳсӯли бардошт шуда ) ба ширкатҳои фароварии пахта таҳвил дода шуд.

Соли гузашта бунгоҳҳои фароварии пахта ба изои ҳар кило пахта 6 то 7 адад сомонӣ ба кишоварзон пешниҳод доданд ки баробар бо қимати аслии маҳсӯл буд . Дар натиҷаи бештари пахтакорон мутаҳаммили хисорат шуданд .

Барчасп