Сафари Президенти Тоҷикистон ба Теҳрон барои видоъ бо пайкари раисҷумҳури Эрон
Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар маросими видоъ бо пайкари шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ва шуҳадои хидмат, ба Теҳрон сафар кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии “Садои Хуросон”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 22 май озими Теҳрон шуд.
Дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, ширкат дар маросими видоъ бо пайкари шаҳид Иброҳими Раисӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти расмӣ гусел карданд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ёвари раисҷумҳур дар умури хориҷӣ ва дигар масъулони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Эрон ва ҳамроҳони эшон рӯзи 19 май бар асари суқути чархбол дар минтақаи куҳии Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон ба шаҳодат расиданд.
Маросими ташйиъи пайкари раиси ҷумҳури Эрон 3 урдибиҳишт (23 май) дар Машҳад баргузор мешавад.